
15 апрели соли 2026 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табассум Азиззода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, намояндагони ВАО ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи рӯзнома – «Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2026» муовини раиси ноҳия Зебо Саидзода бо маърӯзаи муфассал баромад намуда, нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро таҳлил кард.
Зимни баррасии масъала Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода фаъолияти соҳаҳоро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, аз роҳбарони сохторҳо доир ба бурду бохти фаъолият пурсиш ба амал овард. Таъкид гардид, ки новобаста ба дастовардҳои муайян, дар баъзе самтҳо камбудиҳо ҷой дошта, барои бартараф намудани онҳо тадбирҳои фаврӣ андешидан зарур аст.
Дар самти маориф зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди инфрасохтори соҳа, аз ҷумла дар водии Яғноб, маблағҳои назаррас ҷудо гардидаанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, инчунин тақвияти кори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо вазифаи муҳими соҳа арзёбӣ гардид.
Дар бахши тандурустӣ ба масъалаҳои риояи тозагӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва беҳдошти муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамзамон, вобаста ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъкид гардид, ки шахсони воқеан ниёзманд бояд пурра фаро гирифта шаванд.
Ҳангоми таҳлили соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ зикр гардид, ки баъзе камбудиҳо дар фаъолияти корхонаҳо ҷой дошта, ислоҳи онҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ талаб карда мешавад. Раиси ноҳия ба роҳбарони соҳа ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии ноҳия ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар самти кишоварзӣ сардори раёсати кишоварзии ноҳия Соқӣ Соқиев оид ба раванди кишти баҳорӣ, бахусус кишти картошка, маълумот пешниҳод намуд. Ҳамзамон масъалаи қарздор будани баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ аз андоз мавриди таҳлил қарор гирифта, барои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои инфиродӣ ва татбиқи сиёсати аграрӣ таъкидҳо баён гардиданд.
Дар бахши сохтмон ва меъморӣ зикр шуд, ки иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сари вақт ва бо сифати баланд мавриди истифода қарор дода шаванд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ, беҳсозии роҳҳо, тақвияти корҳои идеологӣ, риояи қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонӣ баррасӣ гардиданд.
Дар самти ҷавонон ва варзиш қайд шуд, ки дар соли 2026 бунёди 9 майдонча ва толорҳои варзишӣ идома дошта, ҳамзамон ифтитоҳи 3 мактаби варзишӣ дар назар аст.
Вобаста ба муроҷиатҳои шаҳрвандон раиси ноҳия таъкид намуд, ки баррасии онҳо бояд шаффоф ва бетаъхир сурат гирад.
Дар фарҷом намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табассум Азиззода ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода натиҷаҳои ҷамъбастшударо арзёбӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тавсияҳои судманд пешниҳод карданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар анҷоми маҷлис таъкид дошт, ки тамоми фаъолият бояд зери роҳнамоии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, барои рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ободонии ноҳия саҳми арзанда гузошта шавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ









