
22 сентябри соли 2025 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ як қатор чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ бо иштироки хонандагону омӯзгорон баргузор гардид.
Тибқи анъанаи нек, мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи Рӯдакиро ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба поягузори адабиёти классикии тоҷик – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашн мегиранд. Чорабиниҳои имсола низ бо мақсади пос доштани хотираи ин абармарди адаб, тарғиби муҳаббат ба забону адабиёти тоҷик ва баланд бардоштани маърифати хонандагон баргузор шуданд.
Дар рафти маҳфилҳо шогирдон бо қироати ашъори пурҳикмати Рӯдакӣ, саҳначаҳои адабӣ, барномаҳои мусиқӣ ва суханрониҳои илмӣ ҳунару донишҳои худро ба намоиш гузоштанд. Дар суханронии масъулони соҳаи маориф таъкид гардид, ки Рӯдакӣ на танҳо «Одамушшуаро» ва поягузори назми форсӣ-тоҷикӣ аст, балки рамзи худшиносӣ, фарҳангдӯстӣ ва истиқлолхоҳии миллати тоҷик мебошад.
Мавзӯъҳои панду андарз, даъват ба некӣ ва инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори Рӯдакиро ташкил медиҳанд, дар муҳтавои ҳар як барнома бозтоб ёфтанд. Қайд карда шуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар мо имкони васеъ дорем, то осори гаронбаҳои ниёгонро омӯзем ва ба наслҳои оянда расонем.
Ёдовар шудан зарур аст, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 22 сентябр ба тақвими миллӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ворид гардидааст. Маҳз дар ҳамин рӯз дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ, маҳфилҳои шеър, намоишгоҳҳои китоб ва конфронсҳои илмиву адабӣ баргузор мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ баргузории чунин чорабиниҳоро қадардонӣ намуда, аҳли маориф ва хонандагони ноҳияро бо Рӯзи Рӯдакӣ табрик мегӯяд ва изҳори умедворӣ менамояд, ки насли наврас бо омӯзиши мероси нодири устод Рӯдакӣ ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллиро боз ҳам тақвият мебахшанд.
Маркази матбуоти МИҲД ноҳияи Айнӣ





и ещё 15