
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола 22 сентябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба шахсияти бузурги илму фарҳанг – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил мегардад.
Ин сана ба хотири шеъри ҷовидона ва нақши нотакрори ин нобиға дар ташаккули забону адабиёти тоҷик ва форсӣ дар тақвими миллии мо ҷой гирифтааст. Воқеан, барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҳар рӯз метавонад Рӯзи Рӯдакӣ бошад, зеро мероси гаронбаҳои ӯ садсолаҳо роҳи маънавии моро равшан месозад.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (857–941), ки дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст, нахустин шоири машҳури форсизабон ва асосгузори адабиёти классикии тоҷик ба шумор меравад. Аз ҳазорон байти эҷодкардаи устод то замони мо тақрибан ҳазор байт расидааст, аммо ҳамин мероси нодир барои ташаккули адабиёти минбаъдаи тоҷикон ва форсизабонон бунёд гардид.
Рӯдакӣ ҳамзамон бо лақабҳои ифтихорӣ чун «Одамушшуаро», «Қофиласорои назми форсӣ» ва «Султони шоирон» ёд мешавад. Ӯ на танҳо нахустин эҷодкори даврони худ, балки ҷамъбасткунандаи таҷрибаҳои адабии гузашта ва поягузори сабки нав дар шеъри дарӣ мебошад.
Нахустин амирони сулолаи Сомонӣ, махсусан Насри II ибни Аҳмад, эҷодиёти Рӯдакиро баланд арзёбӣ намуда, ӯро ба дарбор даъват карданд. Устод бо ҳунари суханварӣ ва навозандагӣ маҳфилҳои адабиро зинат мебахшид, ҳамсафар ва маслиҳатгари амирон буд. Маҳз дар ҳамин давра қасидаҳои машҳур, аз ҷумла шоҳасари «Бӯи Ҷӯи Мӯлиён», офарида шуданд, ки муҳаббат ба диёру Бухороро бозтоб медиҳад.
Рӯдакӣ устоди бисёр адибони ҷавон, аз ҷумла Шаҳиди Балхӣ ва дигар суханварони замонаш буд. Шеърҳои ахлоқиву пандомӯзи ӯ то имрӯз қиммати маънавӣ ва тарбиявии худро гум накардаанд. Қитъаҳои маъруфи «Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ…» ва дигар андешаҳои пурҳикмат насли имрӯзу фардоро ба инсондӯстӣ ва некӣ даъват мекунанд.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи Рӯдакӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми расмӣ пайдо кард. Имрӯз дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ, маҳфилҳои шеър, намоишгоҳҳои китоб ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафашон эҳёи маънавият ва пос доштани забон ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Арҷгузорӣ ба устод Рӯдакӣ на танҳо ёдбуди шахсияти таърихӣ, балки таҷлили пояҳои фарҳангиву ахлоқии миллати тоҷик аст. Нақши ӯ дар таҳкими забон, адабиёт ва ҳувияти миллӣ абадӣ хоҳад монд.
Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамаи шумо – аҳли илму адаб, устодону шогирдон ва дӯстдорони фарҳанги миллӣ –ро ба ифтихори ин рӯзи фархунда самимона табрик мегӯям. Бигзор рӯҳи пурнури устод ҳамеша раҳнамо ва нерубахши ҷомеаи мо бошад.
Рӯзи Рӯдакӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Равшан Раҳимзода,
Раиси ноҳияи Айнӣ
