
20-уми сенябри соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба 80-солагии муаллифи Суруди миллӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Диёри арҷманди мо” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарияти рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ҷамъе аз шоирону нависандагони шинохтаи кишвар, намояндагони ВАО-и кишвар ва фаъолони ноҳия ширкат намуданд.
Чорабинӣ бо сафари меҳмонон ба Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ оғоз шуд, ки дар деҳаи Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнӣ воқеъ аст. Он ҷо меҳмонон ба хотири бузургдошти охирин шоири классики тоҷик арҷгузорӣ намуданд. Баъдан, меҳмонон аз хонаи истиқоматии Нақибхон Туғрал, ки имрӯз ҳамчун осорхона фаъолият мекунад ва зери ҳифзу нигоҳдории мақомоти ҳокимият қарор дорад, боздид намуда, суханҳои муҳаббат ва эҳтиром ба шахсияти шоирро иброз карданд.
Ҳамзамон, меҳмонон ба маҷмааи фарҳангии “Боғистон” дар деҳаи Сангистон, ки дар соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтааст, ташриф оварданд.
Дар он ҷо аз толори маъракагузаронӣ ва китобхона дидан намуда, шоирону нависандагон асарҳои худро ба китобхона ҳадя карданд.
Дар идома маросими гулгузорӣ назди муҷассамаи устод Гулназар Келдӣ баргузор шуд, ки намунаи эҳтиром ва шукӯҳ ба муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон буд.
Сипас, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Диёри арҷманди мо” бо сухани ифтитоҳии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба кори худ шурӯъ кард.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Преҳиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, “Нақши шахсиятҳои барҷастае мисли Гулназар Келдӣ дар тарбияи маънавии насли наврас ва таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон бисёр муҳим аст. Мо бояд хотираи чунин фарзандони фарзонаи миллатро гиромӣ дорем”.
Чорабинии имрӯзаи мо идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарварона ва фарҳангбунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин рӯзҳои зарнисори тирамоҳи заррин таҳти унвони баланди “Диёри арҷманди мо” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамоҳангӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст ва ҳадафаш гиромидошти хотираи Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Гулназар Келдӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки тақдир ва арҷгузорӣ аз хидматҳои бузурги аҳли илму адабиёт, фарҳангу ҳунар яке аз рукнҳои барҷастаи сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.
Танҳо дар давоми даҳ соли охир дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ бо бунёди маҷмааи фарҳанги ва хона-музейи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар деҳаи Зосун, қасри фарҳангии ба номи ин шоири шаҳир дар Маркази ноҳия бунёд ва аз 150-солагии суханвар дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Боиси сарфарозӣ ва сарбаландии мардуми ноҳия аст, ки имсол тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии устод Гулназар бо ҳузури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июл оғоз ёфтаанд. Ифтитоҳи ин маҷмаа баробари афзудани шодиву фараҳи тамоми мардуми Тоҷикистон моро боз ҳам ифтихорманду сарфароз гардонид.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Мирзозода ҳозиринро аз номи Ҳукумати кишвар ба ифтихори ин санаи фархунда шодбош гуфта, аз нақши Гулназар Келдӣ дар рушди адабиёти тоҷик ёдовар шуд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим нақши Гулназар Келдиро зикр кард, ки устод Гулназар дар шумори суханварони тозаназар, навҷӯву навовар дар адабиёти муосири тоҷик эътироф гардидааст, ки то кунун аз ӯ зиёда аз 40 маҷмуаи шеърӣ ба чоп расидааст. Фузун бар ин, Гулназар миёни аҳли адаб чун нависандаи соҳибзавқи насри шоиронаи тоҷик, мутарҷими адабиёти ҷаҳон, шоир ва нависандаи адабиёти кӯдакон, мунаққиду адабиётшинос, журналист ва публитсисти шуълавар эътироф гардидааст. Маҷмуи ин корномаҳо адабии устод Гулназар аз паҳно ва вусъати эҷодии як нафар адиби равшанфикри тоҷик паём мерасонанд, ки дар таҳаввули шуури маънавӣ, андешаи миллии мардум, талқини ғояҳои ватандӯстиву ватандорӣ хидмат кардааст. Ҳамзамон, Низом Қосим шеъри худро, ки ба Гулназар бахшида шуда буд, қироат кард.
Дар ин замина, мудири бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод тамоми ҳозиринро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муборакбод намуда, вобаста ба нақши шахсиятҳои барҷастаи ин диёр, дар мисоли Гулназар дар рушду нумуи кишвар ва соҳаҳои гуногун ибрози назар кард.
Дар идома Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад хотироти худро аз рӯзҳои бо устод Гулназар сипарикарда ёдовар шуданд, ки боиси хушнудии ҳозирин гардид.
Баъдан, коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Абдунабӣ Сатторзода ва муҳаққиқи варзида Нуралӣ Нурзод бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.
Дар интиҳои чорабинӣ барномаи консертии иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона аз эҷоди устод Гулназар аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи кишвар ва бахши фарҳанги ноҳия хотири ҳозиринро болида намуд.
Баъдан меҳмонон аз Хонаи фарҳанги деҳаи Дар-Дари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ боздид карда, ба хотири бузургдошти шоир Хонаи Фарҳанги деҳаи шоирро ба номи Гулназар Келдӣ гузоштанд.
Дар Базми шеъри Гулназар, ки дар тарбхонаи нави деҳаи Дар-дар баргузор гардид, ҳамаи адибон бо суханҳои хуб, ёди нек ва хотираҳои худро бо устоди барҷастаи назми муосири тоҷик Гулназар Келдӣ баён намуданд. Ҳар лаҳзаи маҳфил пур аз ёду хотироти нек буд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар ин миён тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Айнӣ аз рӯзҳои аввали моҳи сентябр чорабинии «Рӯзи шеъри Гулназар» баргузор гардида, ба хотири тарғиби шеъру адабиёти шоир гӯшаҳои махсус таҳти унвони «Гулназар – муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфтанд.
Дар ин гӯшаҳо намоиши осори шоир ва омӯзиши Суруди миллии Тоҷикистон бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин озмунҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ барои хонандагон ва ҷавонон доир гардиданд.
16-уми сентябр дар маркази ноҳияи Айнӣ назди муҷассамаи устод Гулназар Келдӣ чорабинии фарҳангии «Шоми Гулназар» баргузор шуд, ки дар он аҳли адаб, омӯзгорон, хонандагон ва дӯстдорони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Дар маросим бо суханрониҳо, қироати шеър ва нақли хотирот шукӯҳ ва муҳаббати иштирокчиён ба шахсияти шоир баён гардид.
Ҳамзамон аксияи иттилоотии «Зи ту саодати абад насиби мост!» бо мақсади баланд бардоштани маърифати миллӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ роҳандозӣ шуд.





и ещё 60