Хабарҳои руз

Ҳашари дастаҷамъона барои тозагии маркази ноҳияи Айнӣ

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дастгирии сокинон, дар маркази ноҳияи Айнӣ рӯзи 19-уми сентябри соли 2025 ҳашари дастаҷамъона доир гардид. Дар ин чорабинӣ сокинони деҳаи Варзи Манор фаъолона ширкат варзида, ҷӯйборҳои маркази ноҳияро аз партов ва лойқа пурра тоза карданд.
Ин амал на танҳо ба зебоии шаҳрак мусоидат намуд, балки барои беҳдошти муҳити зист аҳамияти калон дорад. Ҳифзи тозагии ҳаво ва об барои пешгирии паҳншавии касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои меъдаю рӯда ва бемориҳои обӣ нақши муҳим мебозад. Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки муҳити тоза ва партовҳои дуруст идорашуда хатари пайдоиши микробҳо ва хурӯҷи бемориҳои мавсимиро ба маротиб коҳиш медиҳад.
Иштироки фаъолонаи мардум далели баланд будани ҳисси масъулияти ҷамъиятӣ ва муҳаббати онҳо ба диёри худ аст. Бо мақсади нигоҳдории ин тозагӣ, сокинон аз якдигар даъват ба амал оварданд, ки партовҳоро ба таври мунтазам ба нуқтаҳои махсус супоранд ва обанбору ҷӯйборҳоро ҳамеша пок нигоҳ доранд.
Ҳамзамон, корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии маркази ноҳия дар ин ҳашар дастгирӣ ва кумаки техникии худро пешниҳод кард. Бо истифодаи техника ва воситаҳои зарурӣ, онҳо барои ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳои калонҳаҷм мусоидат намуданд.
Мақомоти маҳаллӣ изҳор доштанд, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъона минбаъд низ идома ёфта, ба як анъанаи хуби ҷомеа табдил хоҳад ёфт. Ҳар як сокини ноҳия дар амали ҳифзи муҳити зист ва солимии ҷамъият саҳмгузор буда метавонад.
и ещё 6

Leave a Reply

Back to top button