
Бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсияти барҷастаи адабиёт, шоири тавоно ва муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Устод Гулназар Келдӣ, дар ноҳияи Айнӣ аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Зи дурии замонаҳо расидаем” баргузор гардид.
Ин иқдом бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ роҳандозӣ гардида, дар маркази ноҳия бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, фаъолон, аҳли зиё ва ҷавонони ноҳия баргузор шуд.
Ҳадафи асосии аксия ин аст, ки мардум, махсусан насли наврасу ҷавон, бо зиндагӣ, фаъолияти адабӣ ва хизматҳои Устод Гулназар Келдӣ ошно гарданд, арзишҳои ватандӯстӣ ва ҳувиятсозии миллӣ, ки дар ашъору осори ӯ таҷассум ёфтаанд, тарғиб ва ташвиқ шаванд.
Ташкилкунандагон таъкид доштанд, ки осори Гулназар Келдӣ на танҳо ганҷинаи адабиёти тоҷик, балки оинаи равшани таърихи истиқлолият ва худшиносии миллӣ мебошанд. Ӯ бо қалами пурқуввати худ насли имрӯзро ба дӯст доштани Ватан, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва устуворӣ дар роҳи худшиносӣ даъват намудааст.
Ин аксия барои ҷавонон дарси ибрат ва такони рӯҳонӣ гардид, зеро ёдоварӣ аз шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ ҳамеша роҳи равшан ба сӯи худшиносӣ ва ватанпарастӣ мебошад.





и ещё 2









