Хабарҳои руз

Шоми Гулназар” дар ноҳияи Айнӣ

Санаи 16-уми сентябри соли 2025 дар маркази ноҳияи Айнӣ, дар назди муҷассамаи шоири тавоно, фарзанди фарзонаи миллат ва муаллифи Суруди миллӣ — устод Гулназар Келдӣ, чорабинии фарҳангии бошукӯҳи “Шоми Гулназар” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси адабии устод, эҳтиром ба шахсиятҳои барҷастаи миллӣ ва густариши маърифати ватандӯстӣ дар ҷомеа ташкил гардида, дар он намояндагони аҳли адаб, омӯзгорону хонандагон, намояндагони бахшҳои маориф ва фарҳанг, собиқадорон, аҳли зиё ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштироки фаъолона намуданд.
Дар ин ҳамоиши маънавию адабӣ меҳмонон ва иштирокчиён бо суханрониҳо, қироати шеър, нақли хотирот ва ибрози эҳтирому садоқат ба шахсияти устод Гулназар Келдӣ баромад намуда, саҳми ӯро дар рушду такомул ва тарғиби забону адабиёти тоҷик арзишманду бузург арзёбӣ карданд.
Баргузории чорабинии “Шоми Гулназар” дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф аз он гиромидошти шахсиятҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ дар ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ аксияи иттилоотии “Зи ту саодати абад насиби мост!” баргузор гардид, ки бо ташаббуси бахшҳои фарҳанг ва маорифи ноҳия роҳандозӣ шуда, ҳадафи он тарғиби меҳанпарастӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, шинохти арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ арзёбӣ мегардад.
Дар интиҳои чорабинӣ барномаи консертии Бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ баргузор гардида, бо сурудҳои ватандӯстона ва оҳангҳои илҳомбахш аз рӯйи ашъори устод Гулназар Келдӣ ба фазои маънавии маҳфил ҳусни тоза бахшид. Ин барномаи бадеӣ бо саҳмгирии ҳунармандони маҳаллӣ ва ҷавонони соҳибистеъдод иҷро шуда, аз ҷониби ҳозирин бо истиқболи гарму самимӣ пазируфта шуд.
Бо баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ мардуми сарбаланди тоҷик бори дигар собит месозанд, ки таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муқаддасоти миллӣ, шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон арҷ мегузоранд.
и ещё 16

Leave a Reply

Back to top button