Хабарҳои руз

Роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва нақши ҷомеа дар таъмини тартибот

17 сентябри соли 2025, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрии Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия полковник Алиҷон Рауфзода бо роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таҳсилотӣ, ташкилотҳои давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолони ҷомеа баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ тақвияти ҳамкории ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ва пешгирии ҷинояткорӣ, бахусус миёни ҷавонон, арзёбӣ гардид.
Полковник Рауфзода таъкид намуд, ки мавқеи милитсия дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ», пеш аз ҳама, дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ифода меёбад. Ӯ изҳор дошт, ки вазифаи мақомоти милитсия на танҳо ошкорсозии ҷиноят, балки пешгирии он бо роҳи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ ва фаъолсозии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Дар вохӯрӣ Алиҷон Рауфзода ба масъалаҳои мубориза бо истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ —лоиҳаҳои тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки барои ҷорӣ намудани ҷавобгарии сахттар нисбат ба вайронкунандагони талаботи истифодаи барқ таҳия шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» — ҳамчун яке аз василаҳои коҳиши хароҷоти нодуруст ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар сатҳи маҳаллӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин, масъалаҳои ҷилавгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳаракатҳои зиддиқонунӣ — бо таъкид ба рушди маърифати динӣ дар асоси таълимоти расмӣ, ҷалби ҷавонон ба илм, таҳсил ва касбомӯзӣ дар марказҳои таълимии ноҳия ва омодасозии кадрҳои донишманду ватандӯст, ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи ватандӯстонаи духтарон, ва пешгирии тарғиботи фарҳанги бегона низ аз мавзуъҳои муҳими баррасишуда буд.
Полковник Рауфзода изҳор дошт, ки қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бояд аз ҳар як шаҳрванди мамлакат сарчашма бигирад. Дар ин замина, нақши падару модарон, омӯзгорон, имомон, шоирону адибон, ва сарварони корхонаҳо дар баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва шинохти қонунҳои амалкунанда ҳалкунанда аст.
Рауфзода таъкид кард, ки ҷинояткорӣ падидаи иҷтимоиест, ки онро танҳо бо ҳамкории самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа метавон маҳдуд кард. Зикр шуд, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон», Қонуни «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи муҳим барои ин раванд мебошанд.
Зимни баромади худ, сардори ШВКД бо нигаронӣ иброз дошт, ки дар замони муосир ҷавонон бештар ба хатарҳои равонӣ, иттилоотии носолим ва таъсири гурӯҳҳои ифротӣ дучор мешаванд. Аз ин рӯ, ҷалби онҳо ба таҳсил, варзиш, касбу ҳунар ва фаъолиятҳои иҷтимоии созанда, бояд принсипи меҳварии тарбияи насли наврас бошад.
Дар поёни вохӯрӣ таъкид гардид, ки амният ва субот дар ҷомеа танҳо дар сурати ҳамкории доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи шаҳрвандон таъмин мегардад. Ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо коррупсия, нашъамандӣ, терроризм ва экстремизм, савдои одамон ва муомилоти ғайриқонунии молу мулк, зарурати ҷорӣ намудани чораҳои таъсирбахши пешгирӣ, баланд бардоштани боварӣ ба милитсия ва шинохти васеи ҳуқуқу уҳдадориҳо таъкид карда шуд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Барои маълумоти бештар: [www.ainy.tj](http://www.ainy.tj)
и ещё 2

Leave a Reply

Back to top button