
Санаи 17-уми сентябри соли 2025 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати ҳафтум) бо иштироки Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд -мудири шуъбаи энергетика ва саноат Озифхон Шарифзода баргузор гардид.
Дар иҷлосия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сардорони Раёсат, шуъбаву бахшҳои зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони хоҷагиҳои деҳконӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котибот кори иҷлосия оғоз ёфт.
Дар кори иҷлосия масъалаҳои
1. Рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2022, №АП-240 “Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026” дар ноҳия;
2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;
3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Исковат” №1 Ҷурақулова Сулҳия Туйчибоевна дар бораи иҷрои ваколати вакилиаш;
4. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати шашум аз 26 декабри соли 2024, №328 “Дар бораи қабули буҷети ноҳия барои соли 2025”;
5. Тасдиқи қарорҳои комиссияи номгузорӣ;
6. Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия;
мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вакилон мувофиқи масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар охир намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд -мудири шуъбаи энергетика ва саноат Озифхон Шарифзода баромад карда, доир ба масъалаҳои баррасишуда изҳори андеша намуд.
Худи ҳамин рӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати ҳафтум) кори худро ба анҷом расонид.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 18