Хабарҳои руз

Семинари омӯзишӣ оид ба «Пешгирии коррупсия зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ» дар ноҳияи Айнӣ

16 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Пешгирии коррупсия зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ» баргузор гардид.
Дар кори семинар Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода, намояндагони Агентӣ, аъзоёни комиссияҳои даъватии ҳарбӣ, роҳбарону кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулони сохторҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Чорабинӣ дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотии Агентӣ амалӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандон, хусусан кормандони соҳаи даъвати ҳарбӣ, дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сардори шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон, полковники адлия Низомзода Насриддин Нозим, зимни баромади худ вобаста ба масъалаҳои мавриди назар сухан ронда, зарурати тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин самт таъкид кард.
Дар ҷараёни семинар муҳтавои қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт.
Иштирокчиён зикр карданд, ки татбиқи пурраи меъёрҳои мазкур ба таҳкими қонуният, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии омилҳои номатлуби коррупсионӣ мусоидат менамояд. Дар баробари ин, таъкид шуд, ки дар баъзе мавридҳо ҳангоми муоинаҳои тиббии ҳарбӣ ҳолатҳои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ё қалбакӣ аз ҷониби шахсони манфиатдор ба назар мерасад, ки шаҳодати ҷой доштани унсурҳои коррупсионӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки гирифтани пора аз падару модарон ё шахсони даъватшаванда, таҳияи ҳуҷҷатҳои сохта барои озод намудани шаҳрвандони синни даъватӣ аз хизмати ҳарбӣ амали ғайриқонунӣ буда, тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб меёбад. Чунин кирдор на танҳо шаъну шарафи хизматчиёни давлатӣ ва кормандони комиссариати ҳарбиро паст мезанад, балки ба обрӯ ва эътибори давлат ва низоми мудофиаи кишвар низ зарари ҷиддӣ мерасонад.
Дар ҷараёни семинар таъкид шуд, ки пешгирии амалҳои коррупсионӣ на танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ, балки уҳдадории ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҷомеаи солим ва артишии қавӣ танҳо дар сурати эҳтиром ва риояи қатъии қонунҳои амалкунанда бунёд меёбад.
Бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ ва омилҳои коррупсионӣ ба масъулони соҳаи даъват ба хизмати ҳарбӣ тавсия дода шуд, ки фаъолияти худро бо садоқат, масъулияти баланд ва риояи қатъии қонунгузории миллӣ ба роҳ монанд, шаффофият ва назорати ҷамъиятиро таъмин намоянд.
Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ таъкид кард:
«Мо дар якҷоягӣ бояд сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, бо ин зуҳуроти хавфнок – яъне коррупсия – бо иродаи қавӣ ва ҳамбастагии ҷомеа мубориза барем. Танҳо тавассути ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонем ин падидаи номатлубро решакан созем».
Ҳамзамон, раиси ноҳия илова кард, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, фароҳам овардани шароити муносиб барои хизматчиёни ҳарбӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ омили асосии афзудани хоҳиши ихтиёрии онҳо барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин раванд нишони болоравии эҳсоси ифтихор аз давлат ва муҳаббат ба Ватан аст.
Семинари мазкур ҳамчун минбари муҳими маърифати ҳуқуқӣ ва мубориза бо коррупсия хидмат намуда, барои таҳкими волоияти қонун ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад
и ещё 12

Leave a Reply

Back to top button