Хабарҳои руз

АКСИЯИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» – ҲАМКОРИИ ОИЛА, МАКТАБ ВА ҶОМЕА БАРОИ ОЯНДАИ БЕХАТАР

Дар тамоми гӯшаҳои ноҳияи Айнӣ айни замон иқдоми вусъатёфтаи «Мактаб ба мактаб» идома дорад. Ин ташаббус аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ гардида, бо ҷалби сохторҳои дахлдор ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ амалӣ мешавад. Мақсади асосӣ — баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти волидайну хонандагон дар тарбияи насли ҷавон аст.
Чанде пеш гурӯҳи таблиғотии ноҳия дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 бо ширкати намояндагони соҳаҳои маориф, корҳои дохилӣ ва рушди иҷтимоӣ вохӯрии густурда бо падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон баргузор кард. Дар ин мулоқот аз таҳсилоти ҳатмӣ, бахусус давраи болоии мактабӣ, ҳамчун заминаи муваффақияти минбаъдаи ҳар ҷавон ёдоварӣ шуд. Иштирокдорон дар бораи қонунҳои амалкунандаи кишвар – «Дар бораи масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» маълумоти возеҳу равшан гирифтанд.
Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълимро пояи асосии пешрафти кишвар арзёбӣ карда, борҳо гуфтаанд: «Маориф таҳкурсии пойдории давлатдории миллӣ мебошад». Бо такя ба ин андеша, аз волидон даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбат ба ояндаи фарзандон бетафовут набошанд ва муҳити солими оилавиро таъмин намоянд.
Муовини раиси ноҳияи Айнӣ Зебо Саидзода дар баромади худ таъкид кард, ки сатҳи дониш ва худогоҳии ҷавонон омили асосии суботи ҷомеа аст: «Фароҳам овардани фазои мусоиди таълиму тарбия вазифаи муштараки мо — падару модар, омӯзгор ва ҷомеа мебошад».
Чорабинии мазкур на танҳо минбари муаррифии қонунҳо, балки василаи таҳкими робитаи «мактаб – оила – ҷомеа» гардид. Бо идомаи чунин мулоқотҳо насли наврас зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва муҳаббати воқеӣ ба Ватанро аз худ мекунад.
Иқдоми «Мактаб ба мактаб» имрӯз ба абзори муҳим барои ҳифзи амнияти фикрӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ табдил ёфта, дар таҳкими субот ва рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.

Leave a Reply

Back to top button