
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар ноҳияи Айнӣ як қатор корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва бо дастгирии шахсони саховатманду ватандӯсти маҳаллӣ, Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №61-и деҳаи Испағн мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, дар доираи корҳои сохтмонӣ 4 синфхонаи иловагӣ бунёд ва ба истифода дода шуд. Дар гузашта, бинобар набудани шароити мувофиқ, хонандагони синфҳои болоӣ маҷбур буданд барои идомаи таҳсил ба муассисаи таълимии деҳаи Гузари Бод раванд. Ҳоло ин мушкилот бартараф гардида, хонандагон дар мактаби маҳалли худ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар ҷараёни навсозӣ, инчунин саҳни варзишӣ барои бозии кӯдакон ва ошхонаи муҷаҳҳаз бунёд гардид, ки ин иқдом ба беҳбудии шароити иҷтимоии хонандагон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар миёни кӯдакону наврасон мусоидат мекунад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз муассисаи мазкур бо хонандагону омӯзгорон мулоқоти самимӣ анҷом дода, паём ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба боло бурдани сифати таълим, тақвияти тарбияи ватандӯстӣ ва вусъати ҳувияти миллӣ дар миёни насли ҷавон ба онҳо расонид.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш чунин таъкид дошта буданд: «Мактаб — ин муассисаи муқаддасест, ки дар он насли наврас бояд бо донишҳои муосир, маърифати баланд ва ахлоқи ҳамида тарбия ёбад. Мо вазифадорем, ки барои таҳсилу тарбияи шоистаи фарзандонамон тамоми шароитро фароҳам оварем».
Ин иқдомоти созанда дар доираи татбиқи Барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида, ҳадафи асосии он таъмин намудани дастрасии ҳамаҷониба ба таҳсили босифат ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир барои бозори меҳнат мебошад.
Ҳамзамон, таъмини шароити мусоиди таълимӣ дар дурдасттарин деҳоти ноҳия нишонаи таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумат нисбат ба рушди соҳаи маориф мебошад. Қобили зикр аст, ки саҳми фарзандони фарзонаи диёр, шахсони саховатманд ва мардуми ватандӯст дар амалӣ гардидани чунин лоиҳаҳои иҷтимоӣ бузург мебошад.
Раиси ноҳия изҳори умед намуд, ки дар оянда аз ин боргоҳи маърифат ҷавонони донишманду соҳибмаърифат ба камол расида, дар рушди илму техника ва ободии ватани маҳбубамон — Тоҷикистон саҳми муносиб хоҳанд гузошт. Зимни суҳбат бо сокинон, омӯзгорон ва хонандагон дар саҳни мактаб,
Раиси ноҳия дар фазои тантанавӣ ба аҳли ҷамоатчигии деҳа ва шахсони фаъол Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айниро тақдим намуд.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
сентябри соли 2025





и ещё 31