Хабарҳои руз

Дашти Мохак бо 8 синфхонаи наву замонавӣ таъмин гардид

Бо ҳадафи татбиқи самараноки сиёсати иҷтимоии давлат дар самти рушди соҳаи маориф ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас, дар ноҳияи Айнӣ як қатор иқдомоти созанда амалӣ шуда истодаанд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии саховатмандону фарзандони ватандӯсти маҳаллӣ, Филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, воқеъ дар мавзеи Дашти Мохаки деҳаи Фатмеви Ҷамоати деҳоти Рарз, мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, дар доираи он 8 синфхонаи иловагӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан, бинобар маҳдудияти инфрасохтори таълимӣ, хонандагони синфҳои болоӣ маҷбур буданд таҳсилро дар муассисаи таълимии маркази деҳа идома диҳанд. Акнун ин мушкилот пурра рафъ гардида, шароити таҳсили босифат дар маҳалли зисти онҳо муҳайё шудааст.
Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода зимни боздиди худ аз муассисаи навсозишуда бо омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ анҷом дода, паёму ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни наврасону ҷавонон ба аҳли муассиса ироа намуд.
Иқдомоти мазкур дар заминаи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида, ҳадафи он таъмини дастрасии фарогир ба таҳсили босифат, омодасозии кадрҳои рақобатпазир ва рушди неруи инсонӣ мебошад.
Таъмини шароити мувофиқи таълимӣ дар дурдасттарин деҳоти кишвар, аз ҷумла мавзеи Дашти Мохак, худ гувоҳи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва ояндаи насли наврас мебошад. Дар ин росто, саҳми фарзандони банангу номуси диёр, шахсони саховатманд ва мардуми ватандӯст дар татбиқи чунин тарҳҳои муҳими иҷтимоӣ назаррас буда, шоистаи таҳсину қадршиносӣ мебошад.
Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа, Раиси ноҳия ба як қатор шахсони фаъол ва аъзоёни ҷамоатчигӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорида, ба хонандагони синфҳои якум туҳфаҳо, аз ҷумла ҷузвдонҳо тақдим намуд.
Аз ҷониби сокинон дар назди муассиса бунёди майдончаи варзишии замонавӣ дархост карда шуд. Раиси ноҳия барои амалӣ намудани ин иқдоми хубу бамаврид ба мутасаддиён дастуру супоришҳои махсус дод.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Сентябри соли 2025
и ещё 25

Leave a Reply

Back to top button