
Мероси таърихӣ — ойинаи гузаштаи пурифтихор ва рукни муҳими ҳувияти миллӣ мебошад. Ҳар як сангу хишти ёдгориҳои меъморӣ ва осори фарҳангӣ, ки аз умқи таърих ба мо расидаанд, на танҳо нишони тамаддуни волои аҷдодӣ, балки воситаи муаррифии миллат ба ҷаҳониёнанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бо ифтихор чунин изҳор дошта буданд: – «Мо бояд таърихи миллатамонро бо ифтихор омӯзем ва осори боқимонда аз ниёгонамонро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, зеро онҳо мояи ифтихору сарбаландии мост».
Дар партави ин андешаҳои муҳим ва бо мақсади ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик, Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ бо роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Барномаи мазкур имконият фароҳам овард, то мероси пурғановати ниёгонро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Ноҳияи Айнӣ, ки яке аз сарзаминҳои бостонии кишвар маҳсуб меёбад, дорои даҳҳо ёдгории таърихию фарҳангист, ки ҳар кадом дар худ порае аз ҳикмати рӯзгори гузаштагонро нигоҳ медорад. Дар ин миён, се манораи меъмории асри XII, ки бо як услуби хоси меъмории он давра бунёд ёфтаанд, аз муҳимтарин ёдгориҳои миллӣ ба шумор мераванд.
Яке аз ин манораҳои таърихӣ дар деҳаи Фатмеви Ҷамоати деҳоти Рарз ҷойгир шудааст. Бино ба ривоятҳои мардумӣ, дар гузашта дар деҳа ду манора вуҷуд доштааст, ки мутаассифона яке аз онҳо пурра фурӯ рехтааст. Манораи боқимонда, ки то имрӯз арзи вуҷуд дорад, намунаи барҷастаи ҳунари меъморон ва устоҳои асри миёна буда, бо тарҳи зебову мунаққаш, деворҳои бо гилу хишти хом сохташуда ва шакли нодири меъморӣ диққатро ба худ ҷалб мекунад.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, дар ҳамбастагӣ бо сокинони ватандӯсту фарҳангпарвари деҳаи Фатмев, манораи таърихӣ мавриди нигаҳдорӣ ва таъмир қарор гирифт. Бо саҳми ҷомеа ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ, манора шишабандӣ ва болопӯш карда шуда, барои ҳифзи он аз таъсири омилҳои табиӣ ва инсонӣ чораҳои муассир андешида шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ин иқдомро қадами шоистаи ҳифзи фарҳанг ва мероси миллӣ арзёбӣ намуда, бо таъкиди сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва роҳбарияти олии кишвар изҳор дошт, ки: ҳар як порчаи таърих, ҳар як хишти ёдгориҳои ниёгон — як сафҳаи зиндаи фарҳанги миллист. Мо бояд онро ҳифз кунем, то фарзандони мо шиносномаи воқеии миллии худро дар торикии таърих гум накунанд.
Манораи таърихии деҳаи Фатмев имрӯз на танҳо чун объекти таърихӣ, балки ҳамчун рамзи ҳушёрии миллӣ, ифтихори шахсиятӣ ва пояи худшиносии наслҳо дар дили мардум ҷой гирифтааст. Чунин ёдгориҳо ҳамчун маконҳои сайёҳӣ ва омӯзишӣ метавонанд насли наврасро бо таъриху фарҳанг, санъату меъморӣ ва суннатҳои қадимаи халқи тоҷик ошно созанд.
Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ танҳо кори давлат нест, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номуси ин сарзамин аст. Танҳо дар сурати эҳтиром ва пос доштани гузашта метавон ояндаи дурахшон сохт.
Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ





и ещё 4