
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи маориф, корҳои сохтмонӣ ва ободонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ба номи Қаландар Солеҳов, воқеъ дар шаҳраки Зарафшон-2-и ноҳияи Айнӣ, босуръат идома доранд. Лоиҳаи мазкур ҳадаф дорад, ки барои хонандагон ва омӯзгорон муҳити муосири таълиму тарбия фароҳам оварад ва имкониятҳои нави омӯзишӣ муҳайё созад.
Иншооти таълимӣ дар доираи нақшаи рушди инфрасохтори маориф бунёд мегардад ва пас аз ба анҷом расидани марҳилаи сохтмон, мактаб бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он, даҳҳо кӯдакон ба таҳсили босифат фаро гирифта мешаванд ва сатҳи хизматрасонии таълимӣ дар шаҳраки Зарафшон-2 ба маротиб беҳтар мегардад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз раванди корҳо бо сохтмончиён мулоқот намуда, таъкид дошт, ки мактаб бояд мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, барои таҳсилу тарбия шароити мусоид фароҳам оварад. Ӯ афзуд, ки сохтмони чунин муассисаҳо ҷавобгӯи сиёсати маорифпарваронаи давлат буда, барои фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсил ва баланд бардоштани сифати омӯзиш нақши муҳим мебозад.
Муассисаи мазкур аз ҷониби корхонаи фаръии шахтаи “Фон Яғноб” бунёд мешавад, ки ин иқдом ҳамкории самарабахши бахши хусусӣ ва давлатӣ дар соҳаи маорифро бозгӯ мекунад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо дар ноҳияи Айнӣ на танҳо ба беҳбудии инфрасохтори таълимӣ, балки ба рушди иҷтимоӣ ва болоравии сатҳи зиндагии сокинон мусоидат намуда, заминаи устувори пешрафти соҳаи маорифро дар солҳои минбаъда фароҳам меорад.





и ещё 9