
16 ноябри соли 2025, ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми ҳарбии 0203, дидбонгоҳи Исрофилобод, чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он Муовини Раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода иштирок намуд.
Муовини Раиси ноҳия дар суханронии худ афсарону сарбозонро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид намуд, ки бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароити хизматӣ, моддию техникӣ ва қобилияти мудофиавии нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, хусусан қисмҳои марзбонӣ, рӯз то рӯз таҳким меёбад.
Фарҳод Мукаррамзода зикр кард, ки таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ба ҳифзи марзу буми мамлакат имкон додааст, ки ҳамаи сохторҳои низомӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, шароити муносиб ва сатҳи баланди дастгирӣ таъмин шаванд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои сарҳадбонон дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадрдонии меҳнати шабонарӯзии муҳофизони марз арзёбӣ гардид.
Сарҳадбонон аз ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён карда, иброз доштанд, ки барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ҳамеша содиқона хизмат мекунанд.
Дар идомаи дидорбинӣ таъкид гардид, ки мақомоти маҳаллӣ минбаъд низ барои дастгирӣ ва беҳтарсозии шароити хизматии сарҳадчиён тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳанд кард.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи





и ещё 20









