Хабарҳои руз

Тантанаҳои идона дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Саломатии миллат – сарвати давлат аст ва ин ақидаи муҳими таъкидшуда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеа роҳнамост.
Дар рӯзи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16-уми ноябр, дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи ноҳиявии Зарафшон ва шуъбаи сироятии Беморхонаи марказӣ пас аз таъмири куллӣ ба истифода дода шуд. Корҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шарикони рушд амалӣ гардиданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни шиносоӣ бо муассиса таъкид намуд, ки пешрафт ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустӣ натиҷаи сиёсати дурандешона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ ҳамчунин ба мутасаддиён дастур дод, ки корҳои хизматрасониро бо сифати баланд ба роҳ монанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба шарикони рушд барои ҳамдастиашон ба иҷрои ин лоиҳаи муҳим изҳори сипос намуд.
Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат рушд намуда, дар самти ҳифзи саломатии мардум гомҳои устувор гузошта шудааст.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 10

Leave a Reply

Back to top button