Хабарҳои руз

Қисми роҳҳои дохилии деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан мумфарш шуданд

Дар доираи амалишавии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои ободкоронаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, чанде пеш қисми роҳҳои дохилидеҳавии деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан мумфарш гардида, ба истифода супорида шуд.
Корҳои мазкур бо ташаббус ва саҳми фарзандони шодравон Нодиров Бахтиёр Обидович, яке аз собиқадорони соҳаи маориф ва шахси муҳтарами диёр, амалӣ гардид. Марҳум Нодиров Бахтиёр соли 1958 дар деҳаи Ревад таваллуд шуда, тӯли беш аз 48 сол ҳамчун муаллими забони русӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и деҳаи Ревад фаъолият намудааст. Ӯ тамоми умри пурбаракати худро ба тарбияи насли бомаърифату ватандӯст бахшида, дар байни ҳамкорон, хонандагон ва сокинон ҳамчун омӯзгори масъулиятшинос, инсони хайрхоҳ ва шахсияти некном эҳтиром дошт.
Тарбияи дурусти фарзандон, сатҳи баланди маърифату ахлоқ ва эҳсоси масъулияте, ки имрӯз дар амалҳои ободкоронаи онҳо таҷассум меёбад, маҳз самараи ҷаҳонбинии педагогӣ ва тарбияи намунавии марҳум Нодиров Бахтиёр аст. Ободонии роҳҳои дохилидеҳавии Ревад аз тарафи онҳо ҳамчун идомаи роҳи падари некном маънидод мешавад ва аҳамияти иҷтимоӣ дорад. Зеро беҳбудии инфрасохтор ва ҳифзи симои ободу зебои деҳа на танҳо шароити зиндагии сокинонро беҳтар менамояд, балки барои тарбияи насли ҷавон низ намунаи ибрат, эҳтиром ба волидайн ва масъулиятшиносии шаҳрвандиро тақвият медиҳад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, ба фарзандони марҳум барои ин иқдоми хайрхоҳонаву созанда изҳори миннатдорӣ намуда, онро амали шоиста ва муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки чунин саҳмгузориҳо дар ободонии диёр ва беҳтар шудани шароити зисти сокинон, пеш аз ҳама, нишонаи эҳсоси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба хотираи гузаштагон ва идом додани анъанаҳои неки созандагист.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ изҳори умедворӣ менамояд, ки чунин иқдомҳо минбаъд низ идома ёфта, дар пешрафту шукуфоии деҳаву ҷамоатҳо саҳми назаррас мегузоранд. Хидмати марҳум Бахтиёр Нодиров дар рушди маориф ва тарбияи насли боадаб — дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд. Рӯҳаш шод бод.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 13

Leave a Reply

Back to top button