Хабарҳои руз

Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин вассофи Пешвои миллат» ҷамъбаст гардид

Дар вилояти Суғд озмуни «Беҳтарин вассофи Пешвои миллат», ки ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, бо баргузории маросими тантанавӣ натиҷагирӣ шуд.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин гуфтор», «Беҳтарин оҳанг», «Беҳтарин эҷоди шеър», «Беҳтарин суруд», «Беҳтарин расм» ва «Беҳтарин ролик» доир гардида, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Баҳористон» ва рӯзномаи вилоятии «Ворисони Суғд» тариқи онлайн ташкил ёфт.
Дар вазъияти идона ба 18 нафар ғолибон ва 31 нафар иштирокчиёни фаъоли озмун диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Қабл аз ин, давоми як моҳ беш аз 200 мавод ба озмун пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳайати ҳакамон мавриди баҳогузорӣ қарор гирифт ва беҳтаринҳо муайян гардиданд.
Таъкид шуд, ки баргузор намудани чунин озмунҳо барои дастгирии наврасону ҷавонони соҳибистеъдод равона гардида, ҳадафи асосии онҳо ҷалби насли наврас ба ошноӣ бо корномаҳои давлатсозиву фидокоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз ноҳияи Айнӣ дар маҷмӯъ 24 нафар наврасону ҷавонон дар озмун иштирок варзида, 5 нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоёни 1, 2 ва 3 гардиданд.
и ещё 3

Leave a Reply

Back to top button