Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ ҷараёни корҳои барқарорсозии ҷуйбори обёрии деҳаи Искодар идома дорад

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 600 метр ҷуйи обёрикунандаи заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Карамов ва заминҳои аҳолии деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ барқарор карда мешавад. Айни замон корҳои васлу насби қубурҳои обӣ босуръат ҷараён дошта, мутахассисон барои татбиқи сифатноки лоиҳа тамоми тадбирҳоро рӯи даст гирифтаанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, ки рафти корҳоро пайваста зери назорат қарор додааст, таъкид мекунад, ки обёрии мунтазам яке аз омилҳои калидии рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, дастгирӣ аз ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори обёрӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамояд.
Бо мақсади ҳалли масъалаи таъминоти сокинон бо оби полезӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ зиёда аз 120 метр қубурҳои пластмасии калонҳаҷм харидорӣ ва ба мардуми деҳаи Искодар тақдим карда шуд. Ин иқдом ба он равона шудааст, ки бо истифодаи таҷҳизоти нав ҷараёни интиқоли об беҳтар гардида, талафоти он ба ҳадди ақал расонда шавад.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зикр намуд, ки мақомоти иҷроия минбаъд низ барои беҳсозии инфрасохтори деҳот, дастгирии хонадонҳои деҳқонӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ иқдомҳои муассирро роҳандозӣ менамояд. Ба гуфтаи ӯ, “рушди деҳот, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва таъмини амнияти озуқавории кишвар яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат мебошад ва мо вазифадорем ин ҳадафҳоро бо амалҳои мушаххас иҷро намоем”.
Татбиқи ин лоиҳа ба тақвияти фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақа ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти обёрии садҳо гектар замин мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button