Хабарҳои руз

МИЗИ МУДАВВАР ДАР АЙНӢ ОИД БА ОҒОЗИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ХИДМАТРАСОНИИ МАҶМӮӢ БАРОИ МОДАР ВА КӮДАК”

Дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мизи мудаввар бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ, муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ва дигар масъулон баргузор гардид.
Мизи мудаввар ба оғози расмии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки Осиёии Рушд 0957-TAJ (AF)) бахшида шуд, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи таҷрибавии Айнӣ амалӣ мегардад.
Муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз аҳаммияти хоссаи Лоиҳа дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ бахусус барои модарон ва кӯдакон ёдовар гардид. Ӯ таъкид намуд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои иҷтимоӣ имконият медиҳанд, то сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ дар минтақаҳои дурдаст баланд гардида, шароити муассисаҳои тиббӣ беҳтар ва кадрҳои соҳа боз ҳам тақвият ёбанд. Суҳроб Раҳматзода иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллӣ пурра ҷонибдори татбиқи Лоиҳа буда, барои пешбурди ҳамаҷонибаи он ҳамкориро тақвият хоҳад дод.
Сипас, менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ба иштирокчиён моҳият, ҳадаф ва вазифаҳои асосии Лоиҳаро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Лоиҳа барои беҳтарсозии инфрасохтори тиббӣ, маҳз дар самти хизматрасонии модару кӯдак, баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ дар масъалаҳои саломатӣ ва таҳкими неруи инсонӣ равона шудааст.
Дар идома, дигар намояндагони Лоиҳа тарҳи сохтмони иншооти нави тандурустиро дар ноҳияҳои таҷрибавии Дарвоз, Данғара ва Айнӣ муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин, оид ба татбиқи қисмати 3-юми Лоиҳа — “Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва ташвиқи рафтори масъулона дар самти ҳифзи саломатӣ дар ноҳияҳои зерҳадаф” — маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ, муовини раиси ноҳия аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба намояндагони Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” барои ташаббусҳои башардӯстона ва саҳми назаррас дар рушди соҳаи тандурустӣ арзи сипосу миннатдорӣ баён кард. Ӯ таъкид намуд, ки тамоми ин иқдомҳои созанда маҳз бо дастгирӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада истодаанд. Зикр гардид, ки сиёсати иҷтимоиву инсонпарваронаи Сарвари давлат заминаи муҳими пешрафти соҳаи тандурустӣ буда, ба беҳдошти хизматрасониҳо барои ҳар як сокини кишвар, бахусус модарон ва кӯдакон мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 10

Leave a Reply

Back to top button