Хабарҳои руз

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тариқи фосилавӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро дар деҳаи Ғаберӯд ва майдончаи нави варзишии замонавиро дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ ба истифода доданд

Ноябр 18, 2025
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд
тариқи фосилавӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро дар деҳаи Ғаберӯд ва майдончаи нави варзишии замонавиро дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ ба истифода доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи Ғаберуд бо иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо маблағгузории корхонаи маъдантозакунии муштараки Тоҷикистону Амрико – Анзоб бунёд ёфтааст.
Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои фаро гирифтани 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иншооти нави варзишӣ бошад, бо саҳми соҳибкори ватандӯст Сайфиддин Нуров бунёд гардидааст. Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун пешбинӣ шуда, барои ҷалби бештари наврасон ба варзиш имконият фароҳам меорад.

Leave a Reply

Back to top button