
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро дар деҳаи Ғаберуди ноҳияи Айнӣ ва майдончаи нави варзишии замонавиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи Ғаберуд бо иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо маблағгузории корхонаи маъдантозакунии муштараки Тоҷикистону Амрико – Анзоб бунёд ёфтааст.
Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои фаро гирифтани 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иншооти нави варзишӣ бошад, бо саҳми соҳибкори ватандӯст Сайфиддин Нуров бунёд гардидааст. Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун пешбинӣ шуда, барои ҷалби бештари наврасон ба варзиш имконият фароҳам меорад.
Инчунин, аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 13-и деҳаи Томин мавриди истифода қарор дода шудааст.





и ещё 4
Все реакции:
Худойдодова Зебинисо, Ehson Abbos и ещё 90









