Хабарҳои руз

БУНЁДИ ҲАВЗИ НАВИ ОБТАЪМИНКУНӢ

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии ҳавзи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Пинёни Ҷамоати деҳоти Фондарё боздид ба амал овард. Ин иншооти муҳими инфрасохторӣ бо мақсади беҳтар намудани таъминоти сокинони шаҳраки Сарводаи Ҷамоати шаҳраки Зарафшон бо оби тозаи нӯшокӣ бунёд гардида истодааст.
Ҳавзи мазкур дорои ҳаҷми 320 метри мукааб буда, масофа аз шаҳрак то ҷойгиршавии он 2 километрро ташкил медиҳад. Дар баробари сохтмони ҳавз, барои тозакунии ҳавзҳои такшинкунандаи оби нӯшокии шаҳраки Сарвода низ корҳои иловагӣ дар самти иваз ва васлу насби қубурҳои обӣ идома доранд. Таъмири қубурҳо, ки қутрашон аз 250 то 400 миллиметрро дарбар мегирад, имконият медиҳанд интиқоли об бо сифати баланд ва бо иқтидори бештар ба роҳ монда шавад.
Иншооти мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили Сарвода» бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии фаъолонаи аҳолӣ бунёд гардида истодааст.
Зимни мулоқот бо сохтмончиён ва масъулони соҳа Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода дастур дод, ки рафти корҳои сохтмонӣ босифат, саривақт ва бо риояи меъёрҳои техникии муосир анҷом дода шавад. Ӯ таъкид кард, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо идомаи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки таъмини ҳар як хонадони тоҷик бо оби тозаи ошомиданиро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат меноманд.
Раиси ноҳия қайд намуд, ки таҳкими соҳаи обтаъминкунӣ, бунёди инфрасохтори муосир ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз ҳадафҳои муҳими роҳбарияти ноҳияи Айнӣ ба шумор меравад. Ӯ инчунин изҳори миннатдорӣ намуд, ки дар бaробари мақомоти давлатӣ, аҳолии маҳаллӣ низ дар корҳои сохтмонӣ фаъолона саҳмгузорӣ доранд.
Корҳои сохтмонӣ айни ҳол босуръат идома доранд ва интизор меравад, ки иншоот дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода дода шуда, нақши муҳим дар таъмини сокинони шаҳраки Сарвода бо оби тозаи нӯшокӣ хоҳад гузошт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 18

Leave a Reply

Back to top button