
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз вазъи зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабии Ҷамоати шаҳраки Зарафшон боздид ба амал овард. Дар ҷараёни боздид муайян гардид, ки бахши маориф ва тарбияи кӯдакону наврасон ба мавсими сармо пурра омода буда, тамоми муассисаҳо дар ҳолати хуб қарор доранд.
Раиси ноҳия аз рафти омодагиҳо дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин Литсеи касбӣ-техникӣ дидан намуда, бо омӯзгорону мураббияҳо ва таълимгирандагон суҳбатҳои самимӣ анҷом дод. Зимни мулоқот Равшан Раҳимзода ба нақши омӯзгор дар тарбияи насли созанда, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, масъулияти волидон ва муҳимияти риояи меъёрҳои педагогӣ дар ҷараёни таълиму тарбия таъкид намуд.
Ҳамчунин роҳбарияти ноҳия аз ҷараёни корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 боздид карда, ба шахсони масъул ва сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас дод. Зикр гардид, ки корҳои сохтмон бояд бо риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ, сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда анҷом дода шаванд.
Равшан Раҳимзода дар суҳбатҳои худ таъкид намуд, ки дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон дар шароити мусоид таҳсил кунанд ва барои ояндаи дурахшон омода гарданд.
Раиси ноҳия иҷрои чунин корҳои созандаро ҳамчун амри вақт арзёбӣ намуда, масъулонро вазифадор кард, ки дар самти беҳсозии шароити таълим, таъминот бо гармӣ, тозагӣ ва муҳити солими таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Дар поён Равшан Раҳимзода таъкид кард, ки ҳадафи асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ва ҳимояи манфиатҳои кӯдакону ҷавонон мебошад, зеро маҳз онҳо созандагони фардои Ватананд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 30









