Хабарҳои руз

МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ ФУРУҒИ МАЪРИФАТ” ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар рӯзи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ маросими тантанавии қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш, ки бо ҳузури Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, устодону омӯзгорон, хонандагон ва фаъолони ноҳия доир шуд, ба ғолибон ва омӯзгорони онҳо Сипосномаҳо, Дипломҳо ва тӯҳфаҳои пулии Раиси ноҳия супорида шуданд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ аз ҷумла таъкид намуд, ки тағйироту пешрафтҳои илмӣ, рушди неруи зеҳнии ҷавонон ва тавсеаи фазои маърифатӣ дар кишвар маҳз ба сиёсати дурбин ва ташаббусҳои эҳсонкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ доранд. Ӯ иброз дошт, ки имрӯз Тоҷикистон бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушди илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ қадам гузоштааст. Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” яке аз ташаббусҳои муҳимест, ки ба тарбияи насли илмомӯз, дарёфти истеъдодҳои нав ва баланд бардоштани нуфузи илму маориф дар ҷомеа равона шудааст. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки ояндаи давлатро ҷавонони соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва эҳсоси баланди ватан дӯстӣ бунёд мекунанд. Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони ноҳияи Айнӣ имрӯз бо азму талош ва нерӯи эҷодии худ ин ҳадафҳоро амалӣ месозанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дастгирӣ ва қадршиносии доимии ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ангеза ва такони ҷиддиест барои рушду муваффақияти онҳо дар соҳаи илму эҷод.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 59

Leave a Reply

Back to top button