
16 ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрории маркази ноҳияи Айнӣ маҷлиси тантанавии идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳияи Айнӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони муассисаву ташкилотҳо, фаъолон ва сокинони ноҳия ширкат варзиданд.
Дар оғоз ҳайати меҳмонон бо роҳбарии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз намоиши корҳои эҷодии хонандагон, ки ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буданд, дар толори Қасри фарҳанг боздид намуданд. Раиси ноҳия ба сатҳи баланди маҳорати эҷодии наврасон баҳои арзанда дода, ташкили чунин намоишҳоро барои тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар зеҳни насли наврас муҳим арзёбӣ кард.
Маҷлиси тантанавӣ баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ ёфт. Сипас, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода суханронӣ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт. Ӯ таъкид кард, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент пазируфта шудааст ва ин сана аз нуқтаи назари сиёсиву таърихӣ барои мардуми тоҷик насими умед, оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ мебошад.
Раиси ноҳия изҳор дошт, ки дар такя ба сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу суботи комил, оромии ҷомеа ва рушду нумӯи босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардидааст. Ӯ бо ишора ба вазъияти печидаи геополитикӣ ва гирдобаҳои сиёсии баъзе кишварҳои ҳамзабону ҳамсоя афзуд, ки барои миллати тоҷик доштани амнияту оромӣ ва суботи пойдор бузургтарин арзиш аст ва бояд ҳамеша ҳифз гардад.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода суханронӣ намуда, паём ва таманниёти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён расонд. Дар паём нақши созандаи сиёсати роҳбари давлат дар таҳкими рукнҳои давлатдории муосир, болоравии нуфузи байналмилалӣ ва рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар таъкид гардид.
Дар фарҷоми маҷлис ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи рангоранги консертии идонаро манзури иштирокчиён намуда, ба шукӯҳи чорабинӣ рӯҳияи болида ва таровати идона зам намуданд.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 37









