Хабарҳои руз

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ РАВШАН РАҲИМЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам ҳамдиёрон!
Ҳамасола мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябрро бо эҳтиром ва самимияти баланд ҷашн мегиранд. Ин сана бо воқеаҳои сарнавиштсози таърихи насли имрӯзу фардо — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардидааст, робитаи бевосита дорад. Ин иҷлосияи тақдирсоз роҳро ба сӯи сулҳу субот, ҳифзи давлати миллии тоҷикон ва интихоб шудани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари олии давлат ҳамвор намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари хирадманд ва сиёсатираву дурандеш, дар тамоми давраҳои фаъолияти давлатӣ барои устувории давлат, рушди иқтисод, эҳёи фарҳанг, таҳкими ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург гузоштаанд.
Бо шарофати сиёсати оқилона ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нав — марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ва саноатикунонии босуръат ворид шудааст. Самараи ин сиёсати хирадмандона дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ — дар рушду ободонӣ, амалисозии лоиҳаҳои муҳиму инфрасохторӣ ва беҳбудии зиндагии мардум равшан эҳсос мегардад.
Мардуми заҳматқарини ноҳияи Айнӣ Пешвои миллатро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва раҳбари дилсӯзи давлат қадрдонӣ намуда, пайравии содиқонаи худро ба сиёсати давлатӣ собит менамоянд.
Дар ин рӯзи фархунда ба Пешвои муаззами миллат саломатии бардавом, умри дароз, баракати рӯзгор ва комёбиҳои нав таманно намуда, орзу дорам, ки Тоҷикистони маҳбубамон дар партави сиёсати хирадманди Пешвои миллат ҳамеша ором, пешрафта ва рӯ ба тараққӣ бошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, бароятон рӯзгори пурфайз, саодат, сулҳу муҳаббат ва нусрат орзумандам.
Бо эҳтиром,
Раиси ноҳияи Айнӣ
Равшан Раҳимзода
Возможно, это изображение текст

Leave a Reply

Back to top button