Хабарҳои руз

Ҳашари дастаҷамъона ва идомаи корҳои ободонӣ дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ҳашари дастаҷамъона ва корҳои ободонӣ бо иштироки васеи сокинон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, сокинони деҳа ва фаъолон иштирок намуда, дар тозагиву зебо гардонидани кӯчаҳо, сафолакпӯш ва ҳамвор намудани роҳҳо, сабзкорӣ ва дигар корҳои дастаҷамъона саҳм гузоштанд.
Ҳамзамон, дар доираи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ сохтмони як қатор иншооти иҷтимоӣ дар деҳаи Томин босуръат идома дорад. Айни замон, бинои нави муассисаи томактабӣ, ки аз ду ошёна ва 8 синфхона иборат буда, барои 60 кӯдак пешбинӣ шудааст, дар марҳилаи анҷомёбии корҳои пардозӣ қарор дорад. Ин муассиса бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва саҳми хоҷагии деҳқонии “Истиқлол” ҳамроҳи сокинони деҳа бунёд мегардад.
Инчунин, сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Томин идома дошта, то даҳаи аввали моҳи ноябр мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Иншоот бо дастгирии соҳибкорон ва саҳми сокинон дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мешавад.
Зимни боздид аз иншооти навбунёд Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки тамоми корҳои сохтмонӣ бояд мутобиқ ба талаботи замон ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамчунин таъмиру навсозии клуби деҳа ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 идома дорад.
Ба иттилои масъулин, дар деҳа сохтмони “Наврӯзгоҳ” низ оғоз ёфтааст, ки барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву иҷтимоӣ пешбинӣ шуда, бо иштироки сокинон ва ширкати сохтмонии «Анас–Муосир» амалӣ мегардад.
Раиси ноҳия дар мулоқот бо сокинон изҳор дошт, ки корҳои ободкориву созандагӣ имрӯзҳо дар ноҳияи Айнӣ ба як ҳаракати умумимиллӣ табдил ёфтаанд. “Ҳар як сокини ноҳия бояд кӯшиш намояд, ки дар зебоиву шукуфоии диёри хеш саҳмгузор бошад”, — таъкид намуд ӯ.
Дар баробари ин, мумфарш намудани роҳи байни деҳаҳо яке аз дастовардҳои муҳими соли 2025 арзёбӣ мешавад, ки барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамаи ин иқдомҳо гувоҳи равшани татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ифодагари ваҳдат, меҳнатдӯстӣ ва ҳисси баланди ватандории сокинони ноҳияи Айнӣ мебошанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 33

Leave a Reply

Back to top button