Хабарҳои руз

Роҳ ба сӯи худшиносӣ ва ватандорӣ

Субҳи имрӯз, 13 ноябри соли 2025 дар фазои идона ва рӯҳбаландкунанда, як рӯйдоди хотирмон ва илҳомбахш барои ҷавонони кишвар — Фестивали ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Роҳ ба сӯи худшиносӣ ва ватандорӣ” баргузор гардид. Ин иқдоми муҳими маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, бо мақсади таҳкими эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, боло бурдани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавонон ва тақвияти нақши онҳо дар рушди ҷомеа роҳандозӣ гардид.
Фестивал дар асоси нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони ҲХДТ баргузор гардида, дар он роҳбарон, фаъолон ва намояндагони ҷавони тамоми манотиқи кишвар ширкат варзиданд.
Сафари фарҳангиву омӯзишии аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт. Меҳмононро дар маркази ноҳияи Айнӣ муовини Раиси ноҳия Суҳроб Раҳматзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Боқимуҳаммад Боқизода ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифтанд.
Иштирокчиён нахуст ба муҷассамаи шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ гулчамбар гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки гулгашти устод Гулназар Келдӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 июли соли 2025 дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд ифтитоҳ ёфтааст. Ин иқдоми рамзӣ барои ҷавонон на танҳо арҷгузорӣ ба чеҳраи мондагори адабу фарҳанг, балки нишонаи эҳтиром ба фарҳанги миллӣ, худшиносӣ ва масъулияти ҳар як ҷавон дар назди Ватан маҳсуб ёфт.
Пас аз он иштирокчиён аз Осорхонаи таърихии ноҳияи Айнӣ, ки дар рӯ ба рӯи гулгашти устод Гулназар Келдӣ ҷойгир аст, боздид намуданд. Он ҷо ҷавонон бо таърихи пурифтихор, арзишҳои моддиву маънавӣ ва саҳми фарзандони ин диёр дар бунёди давлати миллӣ шинос гардида, аз корнамоиву шуҷоати ниёгон рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Барои иштирокчиён ин сафар як дарси воқеии ватандӯстӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ буд, ки дар дили ҳар кадом эҳсоси гарми муҳаббат ба Тоҷикистони соҳибистиқлолро тақвият бахшид. Ин сафару вохӯриҳои судманд барои ҷавонон на танҳо як таҷрибаи омӯзишиву фарҳангӣ, балки такони нави маънавӣ буд, ки дар шинохти решаҳои тамаддуни тоҷикон ва дарки амиқи арзиши Ватан нақши муассир гузошт.
Ин иқдоми созанда шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо пайравӣ аз сиёсати ҷавонпарварона ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодаанд бо дониш, заковат, меҳнат ва садоқати беандоза дар роҳи пешрафт, шукуфоӣ ва ободии Ватан саҳми сазовори худро гузоранд.
Сипас, ҷавонон ба самти шаҳри бостонии Панҷакент раҳсипор гардиданд.
и ещё 11

Leave a Reply

Back to top button