
Санаи 12 ноябри соли 2025, бо ташаббуси Прокуратураи ноҳияи Айнӣ ва дар доираи татбиқи барномаи давлатӣ оид ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, дар маҳаллаҳои Исковат, Гузари миёна, Вонҷ ва Лангари деҳаи Урметани Ҷамоати Урметани ноҳия вохӯрии фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ прокурори ноҳияи Айнӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Саидҷамол Ҷалолзода бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулони соҳаи энергетика ва фаъолони маҳаллӣ бо сокинон суҳбати озод анҷом дод.
Мавзӯи асосии мулоқот — роҳҳои пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташвиқи истифодаи самараноки нерӯи барқ буд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки истифодаи ғайриқонунии барқ, ки дар байни мардум онро “дуздии барқ” меноманд, амали хилофи қонун буда, тибқи моддаи 253¹ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсон барои чунин кирдор ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Прокурори ноҳия қайд намуд, ки ҳадафи чунин мулоқотҳо пеш аз ҳама огоҳӣ ва пешгирии қонуншиканӣ мебошад, на ҷазо додан. Ӯ аз сокинон даъват кард, ки нерӯи барқро сарфакорона ва мутобиқ ба талаботи қонун истифода намоянд, маблағи барқро сари вақт пардохт кунанд ва дар таъмини амнияти энергетикии кишвар саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, намояндагони Прокуратура ва масъулони Ширкати «Барқи Тоҷик» ба саволҳои шаҳрвандон дар бораи тартиби бастани шартномаҳои хизматрасонӣ, қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти ҳисоби барқ ва тартиби муроҷиат ҳангоми пайдо шудани мушкилот ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки дар ҳолати мушоҳидаи истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд.
Дар анҷом, Саидҷамол Ҷалолзода изҳор дошт, ки Прокуратураи ноҳияи Айнӣ ҳамеша омода аст, ки шаҳрвандонро қабул намуда, ба арзу шикоятҳои онҳо расидагӣ намояд ва дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии онҳо кӯмаки амалӣ расонад.
Ин гуна мулоқотҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия низ идома хоҳанд ёфт.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 24









