Хабарҳои руз

Рушди пиллапарварӣ дар ноҳия

17-уми майи соли 2024 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии ба номи Карамов боздид ба амал овард.
Нахуст, Раиси ноҳия аз рафти пиллапарварӣ дар хоҷагии мазкур дидан намуда, рушди соҳаро хеле муҳим арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки пиллапарварӣ аз соҳаҳои бисёр сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ буда, барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии кишварамон, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба саломатӣ безарар, инчунин таъмини ҳазорон нафар мардум бо ҷойи кор нақши муҳим дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2021 ба вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур доданд, ки рушди минбаъдаи он бо истифода аз ҳамаи захираву имконотҳои мавҷуда таъмин карда шавад.
Тавре маълум аст, мавсими кирмакпарварӣ ҳарчанд бештар аз як моҳро дарбар мегирад, он аз кирмакпарварон заҳмати пурмашаққати шабонарӯзиро талаб мекунад. Ноҳияи мо барои рушди ин соҳа шароити мусоид дорад, имрӯз замоне фаро расида, ки бо афзун намудани заминаи хӯроки кирмаку тақсимоти саривақтии тухмии он ва зиёд намудани парваришгоҳҳои махсуси кирмакпарварӣ рушд бахшем ва ба ин васила корхонаҳои саноатии мамлакатро бо ашёи хом таъмину барои ҳазорон нафар ҷойи нави корӣ муҳайё созем.
Муқим Муродзода пиллапарварони пешқадами хоҷагии деҳқонии Карамовро бо мукофотҳои арзанда қадрдонӣ намуд.
Back to top button