Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи оила дар ноҳияи Айнӣ

Ҳамасола санаи 15-уми май дар саросари кишвари азизамон Рӯзи оила бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, субҳи имрӯз санаи 14-уми майи соли 2024 бахшида ба Рӯзи оила дар тарабхонаи «Варз»-и маркази ноҳияи Айнӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ оилаҳои намунавии ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, шӯрои занон, собиқадорони меҳнат ва дигар фаъолон ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода баромад намуда, аз ҷумла чунин қайд кард: – Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки “давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Заҳмату кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат – таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, мо дар якҷоягӣ бояд содиқонаву софдилона заҳмат кашем ва садоқату ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем. Маҳз бо ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мо метавонем аз тамоми мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ раҳо ёфта, зиндагии осоиштаю бомароми худро идома диҳем ва дар рушду нумӯи давлати азизи худ саҳм гузорем.
Дар зимн, иштирокчиён доир ба пойдории оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, омилҳои пошхӯрии оилаҳо ва риояи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ибрози андеша намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба оилаҳои намунавии ноҳия аз ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои саҳми назаррас гузоштанашон дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва ба сарбозоне, ки хизмати Ватан – Модарро бо сари баланд иҷро намуда, ба оилаҳояшон баргаштанд туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, аз ҷониби бахши САҲШ-и ноҳия ба як қатор навзодон шаҳодатномаҳои таваллуд ҳадя карда шуд, ки Раиси ноҳия онро бо тантана ба падару модарони онҳо супорид.
Back to top button