Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии ноҳияи Айнӣ

28-уми майи соли 2024 бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар дидбонгоҳи сарҳадии 0203-и Қушунҳои Сарҳадии ноҳияи Айнӣ бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи идона баргузор карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки 28 майи соли 1994 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт ва тибқи қонунгузории кишвар ҳамасола 28 май Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азиз шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардида, рӯз то рӯз вазъи иҷтимоиву иқтисодии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла сарҳадбонон хубтару беҳтар гардида истодааст.

Раиси ноҳия паёми табрикии худро ба муносибати 30-солагии Рӯзи Қушунҳои сарҳадӣ ба муҳофизони марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон ва кормандону хизматчиёни ин ниҳоди қудратӣ расонида, зикр намуд, ки суботу оромии кишвар самараи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири хизматчиёни Қушунҳои сарҳадии мамлакат мебошад.

Зикр гардид, ки саҳми кормандону афсарон ва сарбозони Қушунҳои сарҳадии мамлакат дар мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар ва моликияти давлату шаҳрвандон беназир буда, ин рисолати худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро менамоянд. Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти қушунҳои сарҳадӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохиливу берунаи кишвар мубаддал гардид.

Ҳамзамон дар чорабинӣ муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд Исмоилзода Фирӯз Зокир суханронӣ намуда, тамоми кормандону хизматчиёни Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 30-солагии Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Ба хотири эҳтирому эътимод ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои бемислашон як қатор афсарону сарбозони Қушунҳои сарҳадӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо ҷоизаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас чорабинии фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар иҷрои сарояндаҳои маҳбуби ноҳия манзури меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Back to top button