Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ АНГИШТКАНОН ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳафтаи охири моҳи август “Рӯзи ангиштканон” таҷлил мегардад.
Вобаста ба ин, имрӯз 29-уми августи соли 2024 дар назди корхонаи фаръии “Шахтаи Фон-Яғноб” Рӯзи ангиштканон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар, директори корхонаи воҳиди давлатии “Ангишти тоҷик” Сайфиддин Аслиддинзода, муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Нӯъмон, директори корхонаи фаръии “Шахтаи Фон-Яғноб” Фирӯзбек Сайфуллоев ва як қатор кормандони соҳаи ангишти ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳия ба сухан баромада қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ нақша дорад то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар саноатикунонии босуръати кишвар тамоми нерӯю қувваи хешро ба он равона намояд. Зеро, соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд. Дар пайравӣ ба суханҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ноҳияи Айниро ба як ноҳияи пешрафтаи саноатӣ табдил додан, ҷаҳду талошҳо намуда, дар саноатикунонии босуръати кишвар саҳми муносиб гузорем.
Дар ноҳияи Айнӣ 6 – адад корхонаҳои саноатӣ ба мисоли корхонаи фаръии “Шахтаи Фон – Яғноб”, ҶСП “Комбинати металургии тоҷик”, ҶСП “Ангишти тахт”, ҶСК “Паҳндара – майнинг”, ҶДММ “Маъдан – 2017” дар самти истихроҷи ангиштро ба 870479,1 ҳазор тонна расонидаанд.
Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо дар корхонаи Корхонаи фаръии “Шахтаи Фон-Яғноб” мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ шабонарӯз меҳнат мекунанд ва баҳри пешрафти кори корхона тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ медиҳанд. Корхонаи мазкур фаъолияти худро дар кони ангишти “Фон – Яғноб ба роҳ монда, дар ҷумҳурӣ яке аз калонтарин конҳо маҳсуб меёбад ва дорои аҳамияти стратегӣ буда, 50-60 фоизи ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар, директори корхонаи воҳиди давлатии “Ангишти тоҷик” Сайфиддин Аслиддинзода, муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Нӯъмон ва директори корхонаи фаръии “Шахтаи Фон-Яғноб” Фирӯзбек Сайфуллоев баромад намуда, ба ин муносибат ангиштканонро муборакбод карданд.
Дар интиҳои чорабинӣ як қатор кормандони соҳа бо Сипосномаю Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Back to top button