Хабарҳои руз

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ АЙНӢ ДАР НУҲМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

12-уми октябри соли 2024 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ардашер Мирзозода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳои саноатии дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда, сардухтурони беморхонаҳои ноҳиявӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сархатиби ноҳия, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ноҳия ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Аз рӯи масъалаи рӯзнома “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2024” муовини якуми раиси ноҳия Суҳроб Раҳматзода баромад намуд.
Сипас, Раиси ноҳия Муқим Муродзода фаъолияти ҳама соҳаҳоро таҳлил намуда, аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул пурсиш ба амал овард.
Пас аз таҳлилу баррасии масъала намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ардашер Мирзозода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳмоҳаи аввали соли 2024 изҳори андеша намуданд.
Зимнан, Раиси ноҳия Муқим Муродзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2024 андешаронӣ намуда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ кард ва ба масъулон дастур дод, ки дар кутоҳтарин муддат роҳи ҳалли ислоҳи онро ёбанд.
Ҳамзамон, Муқим Муродзода намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро бовар кунонид, ки камбудиҳо саривақт бартараф карда мешаванд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 15
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:

2

Leave a Reply

Back to top button