
Субҳи имрӯз, 23-юми апрели соли 2025 дар толори маҷлисии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ муаррифии сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки 22-юми апрели соли 2025 дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи он таъйин шуданд.
Аз он ҷумла, полковники милитсия Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ таъйин гардид, ки барои муаррифии мавсуф муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, полковники милиса Рауфзода Алиҷон Тоҷиддинро барои ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ таъйин шуданаш муборакбод намуда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонид.
Ҳамчунин, Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода –полковники милиса Рауфзода Алиҷон Тоҷиддинро барои ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар вазифаи пурмасъулият бурдборӣ таманно намуд ва миннатдории сокинони ноҳияро ба ШВКД ҶТ расонид.
Зикр гардид, ки дар вазифаи пурмасъулият полковники милиса Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин ба Ватан ва мардуми кишвар содиқонаю софдилона хизмат намуда, бо ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму ифротароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона мубориза бурда, дар ҳифзи оромию субот дар ҷомеа ва таъмини волоияти қонун саҳми арзанда мегузорад.


