Хабарҳои руз

Таҷлили Иди Қурбон дар деҳаи Айнӣ

6-уми июни соли 2025 ба муносибати фароарсии ин Иди Қурбон дар масҷиди ҷомеи деҳаи Айнии Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ бо иштироки намозгузорони зиёд намози идона гузошта шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар якҷоягӣ бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии назорати бехатарии саноат дар вилояти Суғд, Умедҷон Сафарзода ва сардори ШКДАМ-и вилояти Суғд дар ноҳия Азизҷон Ҳусейнзода дар маросими ифтитоҳи намози Қурбон иштирок ва баромад намуда, намозгузорон ва дар симои онҳо кулли сокинони ноҳияро бо фарорасии Иди Қурбон шодбош гуфтанд.
Гуфта шуд, ки дар шароит ва муҳити сулҳу оромӣ озодона таҷлил гардидани ҷашнҳои милливу давлатӣ ва ба ҷо овардани ойину анъанаҳои динӣ, самараи талош ва хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо бояд аз хизматҳои ин фарзона фарзанди миллат сидқан шукргузор бошем. Дини мубини ислом, ки саршор аз аҳкому андешаҳои панду ахлоқист, ҳар як мусулмонро ба анҷом додани амалҳои неку савоб ҳидоят менамояд. Шукргузорӣ аз неъмати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботу амният низ, махсусан, дар шароити мураккабу хатарзои имрӯза аз ҷумлаи амалҳои неку писандида мебошад.
Рӯзибой Раҳимзода бо такя ба суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар арафа ва рӯзи Қурбон анҷом додани амалҳои хайру савоб, аз қабили дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки дар ҷомеаи мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Сокинони ноҳияро зарур аст, ки ҳангоми баргузор намудани маросиму маъракаҳо аз оростани дастархони серхарҷу намоишкорона худдорӣ намуда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.
Баъдан, намояндаи вилояти Суғд, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии назорати бехатарии саноат дар вилояти Суғд, Умедҷон Сафарзода ба сухан баромада, паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба кулли сокинони ноҳия расонид.
и ещё 8

Leave a Reply

Back to top button