Хабарҳои руз

«МАКТАБ БА МАКТАБ» – МУШТАРАКАН БА СУИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ СОЛИМ

Имрӯзҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ҳамкории зич бо сохтору муассисаҳои дахлдор, вохӯриву мулоқотҳо дар доираи аксияи «Мактаб ба мактаб» идома доранд. Ҳадафи асосии ин иқдом, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия амалӣ мешавад, таҳкими маърифати ҳуқуқиву ватандӯстӣ миёни хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон мебошад.
Дар ин замина, гурӯҳи кории таблиғотӣ бо иштироки роҳбарону мутахассисони соҳаҳои маориф, корҳои дохилӣ ва рушди иҷтимоӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 вохӯрии васеъ бо падару модарон, омӯзгорон ва шогирдон баргузор намуд. Мақсад – фаҳмонидани аҳамияти таълиму тарбияи дуруст, пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасон, ҷилавгирӣ аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҷавонон аз доми экстремизму терроризм мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки таҳсилоти пурра ва босифат, бахусус таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилоти умумӣ (синфҳои болоӣ), барои ояндаи ҳар як наврас шарт аст. Ҳамзамон, муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо забони содда ба падару модарон шарҳ дода шуд.
Зебо Саидзода муовини раиси ноҳияи Айнӣ иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид намудаанд, ки «Маориф омили асосии рушди давлат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад». Ҳамчунин, Сарвари давлат таълиму тарбияро сутуни муҳими ваҳдату субот дониста, аз падару модарон талаб менамоянд, ки ба тақдири фарзандони худ бетафовут набошанд: «Оила – мактаби нахустини зиндагии ҳар як инсон аст. Аз ин рӯ, ҳар як падару модар вазифадор аст, ки фарзандашро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ба камол расонад.
Раиси ноҳияи Айнӣ, Равшан Раҳимзода низ дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки пойдории ҷомеаи солим ва пешрафти ноҳия аз сатҳи маърифати наврасону ҷавонон вобаста аст: «Ҳар як хонанда бояд донад, ки дониш калиди ҳаёти обод ва саодати фардост. Мо, калонсолон, уҳдадорем муҳити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварем ва ҳар гуна хатогиро пеш аз падид омадан пешгирӣ намоем».
Ин гуна мулоқотҳо на танҳо минбари фаҳмондадиҳии ҳуқуқу масъулият, балки майдони тарғиби маърифати ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ маҳсуб мешаванд. Бо баргузории пайвастаи чунин чорабиниҳо дар ҳар мактаб, робитаи сеҷонибаи муассир – «мактаб, оила ва ҷомеа» таҳким ёфта, насли ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, зиракии сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия меёбад.
Ҳамин тавр, иқдоми «Мактаб ба мактаб» ба як минбари воқеии худшиносии миллӣ ва ҳифзи амнияти фикрии насли наврас табдил ёфта, дар таҳкими суботи ҷомеа ва рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми босазо мегузорад.
и ещё 2

Leave a Reply

Back to top button