
Тибқи супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси тадбирҳои пешбинишуда дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, дар ноҳияи Айнӣ раванди сохтмони муассисаҳои таълимии томактабӣ бо маром идома дорад.
Яке аз самтҳои муҳими барномаи рушди иҷтимоӣ дар ноҳия — бунёди кӯдакистонҳо дар деҳот ба ҳисоб меравад. Мақомоти маҳаллӣ талош доранд, ки дар ҳар деҳае, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ дорад, муассисаи таҳсилоти томактабӣ таъсис дода шавад.
Дар ҳамин замина, дар деҳаи Томин — яке аз деҳаҳои калонтарини Ҷамоати деҳоти Айнӣ, сохтмони як кӯдакистони муосир оғоз гардидааст. Тибқи нақша, ин муассиса дуошёна буда, барои 60 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Санги асоси бино бо иштироки Раиси ноҳия —Равшан Раҳимзода гузошта шуда буд.
Иншооти нав бо тамоми шароити муосир бунёд мешавад. Он дорои ҳуҷраҳои таълимӣ, утоқҳои хоб, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ ва техникиву беҳдоштӣ хоҳад буд. Лоиҳаи сохтмон аз ҷониби Корхонаи фаръии КВД “Лоиҳакаш” таҳия гардида, фармоишгари он хоҷагии деҳқонии “Истиқлол” мебошад. Иҷрои корҳо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва сокинони саховатпешаи деҳа амалӣ мегардад.
Раиси ноҳия, Равшан Раҳимзода зимни боздиди корӣ аз ҷараёни сохтмон изҳор доштанд, ки раванди сохтмон бо ҷиддият пеш меравад ва бинокорон аллакай ба корҳои ошёнаи дуюм оғоз кардаанд. Ӯ таъкид намуд, ки чунин иқдомҳои созанда ба хотири тарбияи насли худшинос, ватандӯст ва дар руҳияи бунёдкорӣ парваришёфта равона гардида, саҳми арзанда дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мегузоранд.
Раиси ноҳия, Равшан Раҳимзода зимни боздиди корӣ аз ҷараёни сохтмони кӯдакистон изҳор дошт, ки раванди сохтмон бо ҷиддият пеш меравад ва бинокорон аллакай ба корҳои ошёнаи дуюм оғоз кардаанд.
Равшан Раҳимзода афзуд, ки чунин иқдомҳои созанда ба хотири тарбияи насли худшинос, ватандӯст ва дар руҳияи бунёдкорӣ парваришёфта равона гардида, саҳми арзанда дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мегузоранд.
Ҳамзамон, зимни боздид аз муассисаҳои иҷтимоии деҳаи Томин, Раиси ноҳия зарурати таъмиру таҷдиди онҳоро таъкид намуда, ба масъулони бахшҳои сохтмон ва меъмории ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки нигоҳдорӣ ва навсозии инфрасохтори иҷтимоӣ дар деҳот бояд зери назорати доимӣ қарор дошта, бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардад.





и ещё 13