
Дар Рӯзи таҷлили 34-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода ва муовини Раиси ноҳия Фарҳод Мукаррамзода ба манзили собиқадори меҳнат Қурбонқул Ҳасанов ба деҳаи Искодар рафта, бо ӯ дидору мулоқот карданд.
Қурбонқул Ҳасанов тамоми умри бобарор ва пурмасъулияти худро сарфи хизмати содиқона ба Ватан намудааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, дар тамоми давраи хизмати давлатӣ бо поквиҷдонӣ, адолатпарварӣ ва ҳисси баланди масъулият хизмат намудааст. Тавассути таҷрибаи ғанӣ ва дониши ҳуқуқӣ, ӯ дар таҳкими волоияти қонун ва тарбияи мутахассисони ҷавон нақши назаррас гузоштааст.
Мавсуф на танҳо ҳамчун корманди варзидаи сохторҳои давлатӣ, балки ҳамчун шахсияти фарҳангӣ ва қаламкаш низ шинохта шудааст. Ӯ муаллифи китоби «Рангу бӯйи зиндагӣ» мебошад, ки дар он лаҳзаҳои пурнишоти ҳаёт, таҷрибаи касбӣ ва арзишҳои маънавии ҷомеаи тоҷик инъикос ёфтаанд. Ин асар намунаи андешаронии шахсии ӯст дар бораи зиндагӣ, инсон, меҳнат ва муҳаббат ба Ватан.
Айни ҳол Қурбонқул Ҳасанов дар муҳити орому осуда, дар ҳалқаи фарзандон ва пайвандон умр ба сар мебарад ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ба зиндагии шоиста идома медиҳад.
Мутасаддиёни МИҲД-и ноҳияи Айнӣ зимни суҳбат бо собиқадор аз ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба калонсолон ва хизматкардагони соҳаҳои мухталиф ёдовар шуда, Қурбонқул Ҳасановро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни бузурги Истиқлолият самимона табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки шахсиятҳои ватандӯсту соҳибтаҷриба чун Қурбонқул Ҳасанов намунаи ибрат барои насли ҷавон мебошанд ва хизматҳои арзишманди онҳо дар таърихи давлатдории миллӣ бо эҳтиром нигоҳ дошта мешаванд.


