Хабарҳои руз

Аёдати оилаи сарбози шаҳид

Дар Рӯзи таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо эҳтиром ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат, оилаи сарбози шаҳид Аловиддин Мирзоевро аёдат намуданд.
Аловиддин Мирзоев яке аз муҳофизони далеру содиқи Ватан буд, ки дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ ҷони худро барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон фидо намуд. Ӯ бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ баҳри ҳифзи оромии мардум ва истиқлоли кишвар фидокорона мубориза бурд ва ба қатори қаҳрамонони миллат пайваст.
Ҳангоми аёдат, масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо аҳли оилаи шаҳид аз наздик суҳбат намуда, ғамшарикӣ ва ҳамдардии самимии роҳбарияти ноҳияро иброз доштанд. Аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода ба фарзандони сарбози шаҳид кӯмаки молиявӣ супорида шуд.
Изҳори сипоси амиқ ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Аъзои оилаи қаҳрамон бо қалби пур аз эҳтиром изҳор доштанд, ки дастгирии доимии Сарвари давлат дар ҳаққи хонадони сарбозони шаҳид, далели равшани ғамхории беандоза ва сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Ин гуна таваҷҷуҳ ва қадршиносии давлату ҳукумат ба хидмату ҷоннисориҳои фарзандони фидоии миллат на танҳо барои хонаводаҳои шаҳидон тасаллӣ, балки барои ҳар як фарди ватандӯст сабақи мардонагӣ ва ватанпарварӣ мебошад.

Leave a Reply

Back to top button