Хабарҳои руз

Сипос ба Қаҳрамон – Туҳфа ба Нишони Ҷоннисорӣ

Дар доираи таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба оилаи шаҳиди роҳи Ватан, Хирадманд Усмонзода, калиди хонаи нави истиқоматӣ супорида шуд.
Хирадманд Усмонзода яке аз фарзандони далеру ватандӯсти тоҷик буд, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар бар асари ҳуҷуми аҳдшиканонаи ҷониби қирғиз, ҷонбозӣ намуд. Маҳз фидокории чунин ҷавонони шуҷоъ ва ватандӯст аст, ки сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯза таъмин гардида, амнияти миллӣ таҳким ёфтааст.
Дар маросими супоридани калиди хона, Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода бо ибрози эҳтиром ба шахсияти фарзандони қаҳрамон, таъкид намуданд, ки амалҳои ҷавонмардонаи онҳо барои насли наврас мактаби шуҷоату мардонагӣ буда, номи неки онҳо дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Оилаи қаҳрамон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагӣ ва қадрдонии хизматҳои фарзанди шаҳидшудаашон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки ин ғамхорӣ далели равшани таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат ба сарбозону муҳофизони Ватан ва наздикони онҳо мебошад.
и ещё 18

Leave a Reply

Back to top button