
9-уми сентябр, дар Рӯзи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба дидорбинии сарҳадбонони қисми ҳарбии 0203 дар дидбонгоҳи сарҳадии Исрофилобод рафт.
Раиси ноҳияро Имодулло Убайдуллозода – намояндаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Азизҷон Ҳусейнзода – сардори ШКДАМ-и вилояти Суғд дар ноҳия, Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин – сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамроҳӣ карданд.
Раиси ноҳия афсарону сарбозонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароити хизмати ҳарбӣ ва таъминоти моддию техникии қӯшунҳо ба таври чашмгир беҳтар гардидааст. Итминони комил дорам, ки сарҳадбонони шуҷои Тоҷикистон дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, ба савганди ҳарбии худ содиқ мемонанд, гуфт Равшан Раҳимзода.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, барои сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Афсарону сарбозон дар навбати худ барои ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки МИҲД-и ноҳия минбаъд низ дар партави сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии моддию маънавии сарҳадчиён ва беҳтар намудани шароити хизматии онҳо, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Маркази матбуоти МИҲД-и ноҳияи Айнӣ





и ещё 16