Хабарҳои руз

Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!
Истиқлолияти давлатӣ шарафу номуси миллӣ ва рамзи бақои давлатдории тоҷикон мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид».
Дар ҳақиқат, маҳз сиёсати дурандешона ва роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвар аз рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ раҳ ёфта, ба марҳилаи рушди устувор ворид гардид. Бо шарофати роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста касб кардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Айнӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст:
ба истифода супоридани нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», роҳи автомобилгарди «Душанбе–Чанок»;
фаъолияти 23 корхонаи саноатӣ;
бунёди даҳҳо муассисаҳои маорифу тандурустӣ;
татбиқи садҳо иншооти иҷтимоӣ.
Ҳувият, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни сокинон, бахусус ҷавонон, афзуда, симои ноҳия куллан дигаргун шудааст. Имрӯз мардуми ободкору ватандӯсти Айнӣ бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлол корҳои ободониву созандагиро бо ҳисси баланди масъулият идома медиҳанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба зиёда аз 9,4 млрд сомонӣ расида, нақшаи андозҳо ва буҷет бо иҷроиши баланд таъмин гардид. Музди меҳнат сари вақт пардохт шуда, қарздорӣ вуҷуд надорад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Бо заҳмати аҳлона ва муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат мо ноҳияи худро рушд дода, саҳми арзанда дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузорем. Бигзор дар сарзамини маҳбубамон сулҳу субот, дӯстиву ваҳдати ҷовидонӣ ҳамеша пойдор бошад.
Ҷашни абадияти Истиқлоли давлатии кишвари маҳбуб муборак, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Back to top button