
Дар рӯзи таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, №22 Давлатзода Қиёмиддин бо собиқадорони меҳнати ноҳия Мағфират Ҳусейнова, Шукур Бобоев ва Убайдулло Фатҳуллоев вохӯрда, онҳоро ба фарорасии 34-солагии ин ҷашни пуршукуҳ табрику муборакбод намуданд.
Зикр гардид, ки собиқадорони меҳнат ҳамчун сарчашмаи таҷрибаи ҳаётӣ ва мактаби тарбия барои насли имрӯзу фардо нақши арзанда доранд. Маҳз заҳмату хизматҳои содиқонаи онҳо буд, ки дар солҳои душвор пояҳои давлати тозаистиқлол мустаҳкам гардида, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор роҳи рушду пешрафтро тай менамояд.
Сипас, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода мукофоти пулии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба собиқадорон супорида, иброз дошт, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва ҳукумат ба собиқадорон ҳамеша хоса буда, хизматҳои онҳо дар тарбияи ҷавонон, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар хеле муҳим мебошад.




