Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маркази ноҳияи Айнӣ, чорабинии бошукуҳу идона доир гардид.
Дар ҳамоиши идона Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 Давлатзода Қиёмиддин, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва садҳо сокинони фаъоли ноҳия ширкат варзиданд.
Зимни суханрониаш Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки мардуми шарафманду соҳибистиқлоли кишвар имрӯз бо рӯҳияи баланд ба истиқболи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд. Ӯ афзуд, ки суханҳои пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша чароғи роҳнамо буда, ба ҳар як шаҳрванди ватанпарвар рӯҳу илҳом мебахшад.
Бо ибтикори мардуми заҳматкаши ноҳияи Айнӣ корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ амалӣ гардида истодааст. Аз нақшаи 595 иншооти ҷашнӣ, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, то имрӯз 531 адад он дар сатҳи баланд мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ин ба 89,2 фоизи иҷроиши нақша баробар мебошад. Ин дастовард аз заҳмату садоқати сокинони ноҳия ба ватани азиз шаҳодат медиҳад.
Ҳайати меҳмонон низ дар баромадҳои худ мардуми ноҳияи Айниро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ табрику муборакбод намуда, саҳми созанда ва меҳнати ватандӯстонаи онҳоро дар пешрафти ҷомеа шоистаи таҳсин хонданд.
Дар доираи чорабинӣ як қатор намояндагони касбу кори гуногун барои хизмати арзанда бо медалу мукофотҳои давлатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, бо иқдоми инсонпарваронаи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба оилаи қаҳрамони марзбон, шаҳиди даргириҳои марзӣ Хирадманд Усмонзода, калиди хонаи нав ҳадя гардид.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар ва гурӯҳҳои эҷодӣ манзури ҳозирин гардида, фазои идонаро боз ҳам тантанаву хотирмон сохт.
Таъҷлили Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ на танҳо рамзи ваҳдату ҳамбастагии мардум, балки нишонаи равшани иродаи созанда ва садоқати бепоёни сокинон ба Пешвои миллат ва давлати соҳибистиқлол мебошад.
Маркази матбуоти
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ
и ещё 40

Leave a Reply

Back to top button