
Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи тантанаҳои идона дар маркази ноҳияи Айнӣ Маркази хизматрасонии “Ромия” мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ифтитоҳи маркази мазкур Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 Давлатзода Қиёмиддин иштирок карданд.
Маркази хизматрасонии “Ромия” аз тарабхона, меҳмонхона, ҷойи шустушӯи нақлиёт, нуқтаи фурӯши ашёи нақлиёт ва ошхона иборат мебошад. Минбаъд тарабхона барои гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоӣ, меҳмонхона бо фарогирии 40 нафар барои қабули меҳмонону сайёҳон, инчунин ошхонаю нуқтаи шустушӯи нақлиёт ба сокинон ва меҳмонон бемалол хизмат хоҳанд кард. Айни ҳол дар ин марказ 8 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Раиси ноҳия ва ҳайати намояндагон аз шароити мусоиду замонавии марказ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба соҳибкор Субҳия Лутфова барои ташаббуси нек ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия миннатдории Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро расониданд.
Таъкид гардид, ки ташаббус ва талоши чунин занони кордону соҳибфикр намунаи ибрат барои ҷомеа мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, ки «Зан модар аст, мураббӣ ва созанда аст. Агар занон фаъол бошанд, ҷомеа пеш меравад». Имрӯз бонувони фаъолу ташаббускор мисли Субҳия Лутфова бо кору амали созандаи худ нишон медиҳанд, ки зан метавонад на танҳо раҳнамои хонадон, балки таҳкими заминаҳои иқтисодӣ ва рушди деҳот низ бошад.
Ифтитоҳи маркази “Ромия” далели возеҳи саҳми назаррас ва муносибати ватандӯстонаи бонувони ноҳия дар роҳи созандагиву ободкорӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад.
Маркази матбуоти
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ





и ещё 15