Хабарҳои руз

Дидорбинии Раиси ноҳияи Айнӣ бо собиқадорон ва модарони фарзандони ободкор дар деҳаи Дарғ

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба деҳаи Дарғи Ҷамоати деҳоти Шамтуч ташриф оварда, бо собиқадорони меҳнат ва модарони намунаиеро, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ ва ободкорӣ тарбия намудаанд, дидорбинӣ намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки собиқадорон ва модарон бо дастгирии маънавӣ ва таҷрибаи ғании худ дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Раиси ноҳия иброз дошт, ки арҷгузорӣ ба заҳмати ин қишри муҳими ҷомеа вазифаи ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Раиси ноҳия инчунин суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуд, ки фармудаанд:
«Аёдати пиронсолон, эҳтирому қадршиносӣ ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо яке аз суннатҳои неки миллии мо буда, боиси таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ дар ҷомеа мегардад.»
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба собиқадорони меҳнат ва модарони фарзандони ободкор тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барои саҳмгузориашон дар тарбияи насли ҷавон арзи сипос иброз шуд.

Leave a Reply

Back to top button