Хабарҳои руз

Тантанаҳои Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ чорабиниҳои идона бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардиданд. Ба ин муносибат Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба Ҷамоати деҳоти Шамтуч сафар намуда, сокинонро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик кард.
Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Дарғ, намоиши театрикунонидаи тӯйи суннатӣ ва барномаи рангини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва чорво баргузор гардид, ки ба аҳли деҳа рӯҳияи идона бахшид. Раиси ноҳия аз намоишҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, арзи сипоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми сарбаланди ҷамоат расонид.
Сипас, роҳбари ноҳия аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Дарғ боздид ба амал овард. Бо ташаббуси хатмкунандагон ва сокинони саховатпеша муассиса таъмиру навсозӣ гардида, дар он маркази инкишофи кӯдакон таъсис ёфтааст, ки барои таълиму тарбияи кӯдакони синни 5–6 сола шароити муосир фароҳам меорад.
Раиси ноҳия ҳамчунин аз корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сехи қолинбофӣ ва коркарди мева, ки бо дастгирии мақомоти иҷроия ва саҳми соҳибкор Саидмурод Давлатов таъсис ёфтаанд, боздид кард.
Дар хонаи фарҳанги деҳаи Дарғ, ки ба наздикӣ таъмиру таҷдид гардидааст, вохӯрии Равшан Раҳимзода бо фаъолону сокинон доир шуд. Дар баромади худ роҳбари ноҳия аз дастовардҳои даврони Истиқлол ёдовар шуда, таъкид кард, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд қадри соҳибистиқлолиро донад ва барои таҳкими он саҳмгузор бошад.
Ҳамчунин, вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Давлатзода ва сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Алиҷон Рауфзода суханронӣ намуда, аҳамияти ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва саҳми созандаи мардумро дар ободонии кишвар таъкид карданд.
Дар анҷом, як қатор ободкорони деҳа бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ шуданд. Сокинони деҳаи Дарғ низ миннатдории самимии худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста ва дастгириҳои падарона изҳор доштанд.
и ещё 50

Leave a Reply

Back to top button